Душанбе, 2011. — 224 саҳ.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон. (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисодию гуманитарии мактабҳои олӣ)
Дар зери таҳрири доктори илмҳои физика ва математика, профессор Раҳимов Ф. Ҳ.
Маводи таълимӣ мазмуни мухтасару муҳтавои муфассали мундариҷаи машғулиятҳоро аз фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» дар бар мегирад. Ҳамзамон дар китоб низоми ташкили кори мустақилонаи донишҷӯёну тайёрӣ ба машғулиятҳои амалӣ, номгӯи адабиёти зарурӣ, хронологияи мухтасари кашфиётҳо дар рушди илми табиатшиносӣ пешкаш мегардад.
Мавод барои донишҷӯёни гуруҳҳои иқтисодию гуманитарии мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шудааст.