Зарегистрироваться
Восстановить пароль
FAQ по входу

Алиев Б. Алгебра. Синфи 11

  • Файл формата pdf
  • размером 1,49 МБ
  • Добавлен пользователем
  • Отредактирован
Алиев Б. Алгебра. Синфи 11
Китоби дарсӣ. — Душанбе, 2006. — 177 с.
Муқаддима
Мо омўзиши предмети «Алгебра ва ибтидои анализ»-ро, ки дар синфи 10 сар карда будем, давом медиҳем. Мундариҷаи китоб аз доираи барномаи таълимӣ васеътар буда, қариб тамоми маводи таълимии мактабҳои тамоили риёзиро дар бар мегирад. Сохтори китоб бо сохторҳои китобҳои дарсии синфҳои 7-10, ки дар чанд соли охир чоп шудаанд, якхела аст.
Китоб аз се боб иборат аст. Дар боби 1 мафҳумҳои нав - функсияи ибтидоӣ ва интеграл, баъзе хосиятҳо ва татбиқоти онҳо омўхта мешавад. (Бояд гуфт, ки анализ ба курси математикаи олӣ мансуб аст. Дар мактаби миёна танҳо элементҳои он омўхта мешавад.) Боби 2 аз омўзиши мафҳуми функсияи нишондиҳандагӣ ва хосиятҳои он сар мешавад. Баъд мафҳуми нав – логарифм, ки амали баръакси бадараҷабардорӣ аст, оварда мешавад. Хосиятҳои логарифм, тарзҳои ҳал кардани муодилаҳои нишондиҳандагӣ ва логарифмӣ қисми асосии ин боб мебошанд. Боб бо мафҳум дар бораи муодилаҳои дифферент-сиалӣ ба итмом мерасад.
Ҳалли мисолу масъалаҳои овардашудаи ин ду боб зарурияти истифодаи тамоми паҳлуҳои маводи назариявиро талаб мекунад.
Барои ҳамин дар аввал қисми назарявии пунктро бо диққат омўхта, ба саволҳои назоратӣ ҷавоб гардонида, мисолҳои дар он ҳалшударо аз худ кунед. Баъд ба ҳалли супоришҳо шурўъ намоед. Дар пунктҳо супоришҳо тавре ҷойгир карда шудаанд, ки бо зиёд шудани рақами тартибиашон ҳаллашон андаке мураккаб мегардад. Барои ҳамин чанд машқи аввалаи дар пункт, пас аз назария омадаро шифоҳӣ шумурдан мумкин аст. Машқҳои ҳаллашон мураккабтар бо аломати (*) ишорат карда мешаванд. Бо ҳал кардани мисолу масъалаҳои қисми «Машқҳои иловагӣ доир ба боб», ки дар охири ҳар як боб нисбати ҳар як параграф оварда мешаванд, шумо мустақилона худро санҷида метавонед, ки то кадом дараҷа маводи заруриро аз худ кардаед.
  • Чтобы скачать этот файл зарегистрируйтесь и/или войдите на сайт используя форму сверху.
  • Регистрация